Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи фурӯши иншооти сохтани нотамом ва Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.10.2001 № 463, аз 30.04.2004 № 192, аз 02.11.2007 № 550, аз 2.11.2015 № 659)
Бо мақсади идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръатбахшии ҷараёни хусусигардонии иншооти сохтмони нотамом ва ба истифода додани фондҳои асосӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):
1. Низомномаҳои замимашудаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом ва Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом тасдиқ карда шавад.
2. Мутобиқи замима Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом таъсис дода шавад.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):
- мутобиқи номгӯи № 1 замимашуда фурӯши иншооти сохтмони нотамомро эълон намояд.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):
- дар мӯҳлати як моҳ рӯйхати иншооти сохтмони нотамоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бояд хусусӣ гардонида шавад, тартиб дода, онро ба Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом пешниҳод намоянд.
5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ба Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани асноди лоиҳавию баровардии иншооти сохтмони нотамомро таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
6. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли № 1996 № 275 " Дар бораи таъсиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои фурӯши иншооти сохтмони нотамом" ва аз 15 январи соли 1997 № 44 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои фурӯши иншооти сохтмони нотамом" беэътибор дониста шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Э. Раҳмонов
аз 12 августи соли 1997 № 366
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 1997 №366
тасдиқ шудааст
Низомномаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳамин Низомнома бо мақсади ба тартиб андохтан ва суръат бахшидани ҷараёни хусусигардонии иншооти сохтмони нотамоме, ки ба моликияти давлатӣ мансубанд, таҳия шудааст ва қоидаҳои асосии доир намудани тендерҳоро оид ба фурӯши иншооти сохтмони нотамом, ҳамчунин ҳуқуқ ва ӯҳадориҳои ширкаткунандагони тендерҳоро муайян мекунад.
2. Низомнома ба иншооти сохтмони нотамоми таъиноти истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маишӣ, маъмурию хоҷагии тамоми соҳаҳои иқтисод дахл дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ ва Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ашхоси ваколатдори онҳо дар мавриди моликияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом номгӯи иншооти сохтмони нотамомро, ки хусусӣ гардонида мешаванд пешниҳод мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
4. Шаклҳо ва шароити хусусӣ гардонидани иншооти сохтмони нотамомро Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.
5. Нашри рӯйхатҳои иншооти сохтмони нотамом, ки бояд дар музоядаҳо, тендерҳо ё аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ фурӯхта шаванд, хабари расмӣ оид ба оғози хусусигардонии онҳо мебошад.
6. Фурӯшандаи иншооти сохтмони нотамоме, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иншооте, ки ба моликияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мансубанд, - Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ашхоси ваколатдори онҳо (минбаъд-Фурӯшанда) мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
7. Харидорони иншооти сохтмони нотамом метавонанд инҳо бошанд:
- ашхоси ҳуқуқии ғайридавлатӣ;
- ашхоси ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд нест;
- ашхоси воқеӣ;
- ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ.
Ғолибони тендерҳои гузашта, инчунин ғолибони фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо, ки ӯҳдадориҳои бо Низомномаи мазкур, Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо пешбинишудаи худро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ гардидааст, иҷро накардаанд, наметавонанд ғолибони тендерҳои иншооти сохтмони нотамом бошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
II. Омода ва доир намудани тендерҳо доир ба фурӯши иншооти сохтмони нотамом
8. Омода ва доир намудани тендерҳоро Комиссия оид ба масьалаҳои сохтмони нотамом, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, анҷом медиҳад.
9. Комиссия;
- рӯйхати иншооти сохтмони нотамомро, ки боад фурӯхта шаванд, тасдиқ мекунад;
- дар сурати зарурат тафтиши иншооти сохтмони нотамомро ташкил мекунад;
- тақсими иншооти сохтмони нотамомро мувофиқи мӯҳлати доир намудани тендерҳо муқаррар менамояд;
- шароити тендерро муайян ва тасдиқ мекунад;
- нархи ибтидоии иншоотро тасдиқ менамояд;
- оид ба нашри маълумот қарор қабул мекунад;
- тендер мегузаронад;
- дар сурати зарурат экспертҳо, ташкилотҳои махсусгардонидашудаи аудиторӣ, машваратӣ ва ғайраро ҷалб менамояд;
ғолиби тендерро эълон мекунад ва имзои аҳдномаи Фурӯшандаро бо ғолиб дар бораи хариду фӯрӯши иншооти сохтмони нотамоме, ки хусусӣ гардонида мешавад, ташкил мекунад.
10. Хабарнома дар бораи доир намудани тендер бояд на дертар аз 30 рӯз то доиршавии тендер дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ як маротиба бо забони давлатӣ ё забони русӣ, инчунин дар сомонаи интернетии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шавад ва бояд маълумоти зайлро дарбар гирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):
- номгӯи иншооти сохтмони нотамоме, ки ба тендер гузошта мешаванд, бо зикри суроғаи онҳо;
- дараҷаи омодагӣ ва мушаххасоти дигари иншоот;
- шароити тендер;
- нархи ибтидоии иншоот;
- андозаи пардохти кафолатнок ва тартиби супоридани он;
- санаи доир намудани тендер;
- ҷой ва мӯҳлати қабули дархостҳо ҷиҳати ширкат дар тендер;
- телефонҳо ва суроғаҳое, ки аз тариқи онҳо тарҳҳои фурӯш, қоидаҳои доир намудани тендер ва маълумоти дигарро гирифтан мумкин аст;
- маълумоти дигари зарурӣ.
Нисбати иншоотҳои сохтмонашон нотамоми моликияти коммуналӣ ахбори иттилоотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми ҳудуди минтақаи мазкур паҳн мегарданд, чоп карда мешавад.
11. Аз лаҳзаи нашри хабарнома ба ҳамаи ширкаткунандагони қодир имконият фароҳам оварда мешавад, ки бо иншооти сохтмони нотамоми ба тендер гузошташаванда шинос шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
12. Шартҳои тендер метавонанд аз инҳо иборат бошанд:
- мӯҳлатҳои ба истифода додани иншооти сохтмони нотамом;
- имкониятҳои тағьир додани лоиҳаи сохтмон;
- маҳдудият оид ба сатҳи ниҳоии нархе, ки ширкаткунандаи озмун барои иншооти хусусигардонӣ камтар аз он пешниҳод карда наметавонад, ҳамчунин шакл ва шароити пардохт;
- ӯҳдадориҳо оид ба ҳаҷмҳо, навъҳо ва мӯҳлатҳои сармоятузорӣ ба иншоот;
- мақсади пешбинишавандаи истифодаи иншооте, ки хусусӣ гардонида мешаванд;
- маҳдудиятҳо барои давраи муайян дар мавриди анҷом додани муомилот (ба каси дигар фурӯхтан, ба замонат гузоштан, ба идораи шахси дигар супоридан ва ғайра);
- тадбирҳо оид ба ободгардонии ҳудуди атрофи иншоот;
- анҷоми чорабиниҳо оид ба бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- дигар шароит мувофиқи қарори комиссия.
13. Нархи ибтидоии иншооти сохтмонаш нотамоме, ки ба тендер гузошта мешавад, новобаста аз таъиноти истифодабарии иншоот, ба андозаи аз 100 фоиз то 10 фоиз аз арзиши баҳододашудаи иншоот аз ҷониби Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
14. Ҳаҷми пардохти кафолатнок ҷиҳати ширкат дар тендери фурӯши иншооти сохтмони нотамом ба андозаи ягона барои тамоми иншоот муқаррар ва бо бузургии 100-каратаи ҳадди ақали музди меҳнат баробар карда мешавад.
15. Ширкаткунандаи тендер ҳуқуқ дорад, ки миқдори дилхоҳи пардохтҳои кафолатнокро пешниҳод намояд, зимнан як пардохти кафолатнок ҳуқуқи ширкатро дар тендер аз рӯи як иншооти сохтмони нотамом медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
16. Бақайдгирии иштирокчиёни тендер аз рӯзи нашр гардидани хабари иттилоотӣ оғоз ёфта, дар мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ баъд аз нашри хабари иттилоотӣ ба охир мерасад.
Баъди ба охир расидани мӯҳлати дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом дар давоми 5 рӯзи бонкӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаро баррасӣ менамояд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
17. Ҷиҳати бақайдгирӣ ба ҳайси ширкаткунандаи тендер зарур аст, ки асноди зайл пешниҳод карда шаванд:
- ду нусха дархости ширкат дар тендер бидуни зикри иншооти сохтмони нотамом, ки ӯҳдадории хаттии шахси ҳуқуқӣ ё воқеиро барои имзои аҳдномаи хариду фурӯши иншоот бо шартҳои дар хабарнома оид ба доир намудани тендер зикршуда дарбар мегирад;
- нусхаи асл ё нусхаи санади пардохте, ки супоридани пардохти кафолатнокро ба андозаи 100-каратаи ҳадди ақали музди меҳнат тасдиқ мекунад;
лифофаи маҳкамкардашуда бо барномае,- ки мутобиқи шароити тендер
тартиб дода шудааст ва пешниҳод оид ба нархи хариди иншооти сохтмони нотамом. Номгӯи иншооти сохтмони нотамом ва суроғаи онҳо дар оғози барномаи дар дохили лифофа гузошташуда зикр карда мешавад.
Ашхоси ҳуқуқӣ ба таври илова нусхаҳои аҳдномаи муассис, оиннома ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ашхоси ҳуқуқиро, ки аз тарафи нотариус тасдиқ карда шудаанд, пешниҳод менамоянд. Ҷамьиятҳои саҳомӣ ба таври илова нусха аз феҳристи саҳомонро, ки маълумотро дар бораи саҳми давлат дар фонди оинномавии онҳо дарбар мегирад, пешниҳод мекунанд. Ашхоси воқеи шиноснома ё дигар санади тасдиқкунандаи шахсияти онҳоро пешниҳод менамоянд.
18. Фурӯшавда ширкаткунандагони тендерро дар китоби махсус ба қайд мегирад ва ба он таҳти рақами муайян насаб, ном, номи падари ширкаткунандаи тендерро сабт мекунад ва ҳамин рақам, санаи қабули дархост, рақам ва санаи супоришномаи пардохт, мӯҳри Фурӯшандаро дар рӯи лифофаи маҳкамкардашуда бо барномае, ки мутобиқи шароити тендер тартиб дода шудааст ва пешниҳод оид ба нархи хариди иншооти сохтмони нотамом мегузорад. Фурӯшанда дар рӯзи қабули дархост лифофаи маҳкамкардашударо бо барнома ва рақами ба он додашуда ба котиби комиссия овд ба масъалаҳои сохтмони нотамом месупорад ва имзои ӯро мегирад. Дар нусхаи дуюми дархост Фурӯшанда санаи қабули дархостро сабт мекунад, мӯҳр мегузорад ва онро ба ширкаткунандаи тендер ҳамчун забонхат оид ба қабули дарҳост, лифофа бо барнома ва санади пардохт дар бораи супоридани пардохти кафолатнок медиҳад.
Санадҳои ашхосе, ки хоҳишманди ширкат дар тендер мебошанд, баъди бақайдгирӣ дар сандуқи оҳанин то рӯзи доир шудани тендер нигоҳ дошта мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
19. Фурӯшанда ҳуқуқ надорад, ки (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):
аз ширкаткунанда доир ба мақсади ӯ дар мавриди харидории ин ё он иншооти сохтмони нотамом аз ҷумлаи онҳое, ки ба тендер гузошта шудаанд, маълумот талаб намоад;
маълумоти марбут ба ширкаткунандагони тендерро дар ҷараёни тамоми давраӣ омодагии тендер ва доир намудани он фошнамояд;
пешниҳод намудани санадҳои иловагиро ҷиҳати бақайдгирӣ ба ҳайси ширкаткунандаи тендер, ба ғайр аз асноди дар банди 17 ҳамин Низомнома зикршуда, талаб намояд.
20. Маҷлисҳои комиссия пӯшида буда, ба шарти ворид шудани як ё якчанд лифофа бо барномаҳо доир мегарданд.
21. Лифофаҳоро комиссия дар вақти доир шудани тендер мекушояд. Ҳамаи аъзои комиссия бояд барномаҳо ва пешниҳодотро оид ба нархи хариди иншооти сохтмони нотамом баррасӣ ва мӯқоиса намоянд.
22. Комиссия, бо дарназардошти таҳлили самаранокии барномаҳо ва нархи барои иншооти сохтмони нотамом пешниҳодшуда, ғолиби тендерро муайян мекунад.
23. Нархи фурӯш дар ҷараёни баррасӣ ба таври озмун бо дарназардошти маҷмӯи пешниҳодоти манзуршуда муайян карда мешавад.
24. Ҳангоми маҷлиси комиссия протокол тартиб дода мешавад, ки дар он маълумоти зерин зикр мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659):
- ҳайати комиссия;
- шароити тендер;
- миқдори барномаҳое, ки барои ҳар як иншооти сохтмони нотамом пешниҳод шудаанд;
пешниҳодоти асосие, ки дар р як барнома манзур шудаанд ва мутобиқан нархҳои пешниҳодшаванда бо тартиби коҳиш самаранокии барномаҳо;
- далелҳои интихоби ғолиби тендер;
- рақами ғолиби тендер, ки дар руи лифофа сабт шудааст;
- нархи фурӯши иншооти сохтмони нотамом.
Протокол аз тарафи ҳамаи аъзои комиссия имзо карда мешавад. Узви комиссия ҳуқуқ дорад, ки ақидаи хоси худро изҳор намояд ва онро ба протокол замима кунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
25. Протокол дар 3 нусха - як нусхагӣ барои Фурӯшанда, ғолиби тендер ва комиссия оид ба сохтмони нотамом, тартиб дода мешавад. Раис ё котиби комиссия вазифадор аст, ки ба Фурӯшанда 2 нусхаи протоколро на дертар аз рӯзи ояндаи баъди доир шудани тендер дихдд. Фурӯшанда баъди аз тарафи ғолиби тендер ба имзо расидани нусхаҳои протокол як нусхаи онро ба ғолиби тендер месупорад. Ширкаткунандагони дигари тендер хабарнома мегиранд ва дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи бонкӣ баъди доир гардидани тендер бояд пардохтҳои кафолатноки онҳо баргардонида шаванд ва агар маблағ ба суратҳисоби Фурӯшанда баъди тендер ворид шуда бошад, он гоҳ бояд дар давоми 10 рӯзи бонки баъд аз воридшавии онҳо баргардонида шавад.
26. Дар ҳолате, ки барои иншооти сохтмони нотамом барномаҳои мутобиқи шароити тендер тартибдодашуда ворид нагарданд, комиссия дар рӯзи доир намудани тендер бояд қарор қабул намояд, ки:
- ё оид ба фурӯши иншооти зикршудаи сохтмони нотамом бо тағъир додани шароити тендер дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди доир гардидани тендери якум тендери иловагӣ доир карда шавад;
- ё иншооти зикршудаи сохтмони нотамом ба Фурӯшанда барои фурӯши, минбаъдаи онҳо аз тариқи музояда дар мӯҳлати на дертар аз як моҳи баъди доир гардидани тендер супорида шаванд.
27. Доир ба натиҷаҳои тендер дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ баъди доир гардидани тендер шикоят кардан мумкин аст.
28. Протокол санаде мебошад, ки натиҷаҳои тендер ва ӯҳдадориҳои ғолиби тендер ва Фурӯшандаро дар мавриди имзои аҳдномаи хариду фурӯши иншооти сохтмони нотамом мувофиқи нархи фурӯш сабт менамояд. Ғолиби тендер ҳуқуқ дорад, ки аҳдномаи хариду фурӯшро дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои протокол ба имзо расонад, баъди гузашти ин мӯҳлат ҳуқуқи мазкур беэътибор аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
29. Аҳдномаи хариду фурӯши иншооти сохтмони нотамом дар байни Фурӯшанда ва ғолиби тендер ба таври хаттӣ баста мешавад ва бояд ба протокол оид ба натиҷаҳои тендер ҳамчун асоси бастани аҳднома истинод намояд. Аҳднома ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳарду тараф, аз ҷумла шароити хариду фурӯш ва маблағгузории минбаъдаро дарбар мегирад. Дар аҳднома ҳамчунин зикр карда мешавад, ки Харидор боҷҳои давлатӣ ва комиссиониро пардохт менамояд, ки ба нархи фурӯши иншооти хусусигардонӣ дохил намешаванд. Аҳднома ҳамчунин шароити бекор кардани аҳднома ва масъулияти молу мулкии тарафҳоро дарбар мегирад. Ҳуқуқи ихтиёрдории амвол аз лаҳзаи иҷрои шароити тендер ба вуҷуд меояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
30. Ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи аҳдномаи хариду фурӯш дар байни Фурӯшанда ва ғолиби тендер анҷом дода мешавад, зимнан ғолиби тендер ҳисоббаробаркуниро бо тартиби зайл анҷом медиҳад:
а) пешпардохт ба андозаи на камтар аз 15 фоизи нархи фурӯши иншооти сохтмони нотамом дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи бонки аз рӯзи имзои аҳдномаи хариду фуруш. Пардохти кафолатнок ба ҳисоби пешпардохт дохил мешавад;
б) маблағи боқимонда бояд на дертар аз 30 рӯзи бонкӣ аз рӯзи имзои аҳдномаи хариду фурӯш гузаронида шавад.
31. Дар сурати аз ҷониби харидор пардохт гардидани на камтар аз 50 фоизи нархи фурӯши иншоот, мӯҳлати охирини пардохти нархи фурӯш бо дарназардошти ҷарима, ба 30 рӯзи бонкӣ дароз карда мешавад. Барои ҳар як рӯзи дарозшудаи бонки ҷарима дар ҳаҷми 0,2 фоиз аз маблағи пардохтнашудаи нархи фурӯши иншоот ситонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
32. Дар ҳолати гузаштани мӯҳлати пардохти ниҳоӣ зиёда аз рӯзи бонкӣ Фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ки аҳдномаро бо тартиби якҷониба бекор намояд. Дар ин ҳолат, ҳамчунин дар ҳолати аз тарафи ғолиби тендер баста нашудани аҳдномаи хариду фурӯш Фурӯшанда дар асоси протоколи комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом ба дигар ширкаткунандагони тендер бо дарназардошти самаранокии барномаҳои онҳо дар хусуси имзои аҳдномаи хариду фурӯш таклиф пешниҳод мекунад. Дар ҳолати сарфи назар кардани онҳо ё дар ҳолате, ки ғолиби тендер ягона ширкаткунандаи тендер бошад, Фурӯшанда бетаъхир дар ин хусус раиси комиссияро оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом расман огоҳ месозад, ки ӯ дар навбати худ дар мӯҳлати се рӯз маҷлиси ғайринавбатиро даъват мекунад ва дар он метавонад мутобиқи банди 26 ҳамин Низомнома қарор қабул карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
33. Дар ҳолатҳои зерин пардохти кафолатнок ба харидор баргардонида намешавад:
- аз ширкат дар тендер дертар аз як соат то лаҳзаи доир гардидани он сарфи назар кардан;
- аз имзои протокол оид ба натиҷаҳои тендер ё бастани аҳдномаи хариду фурӯш сарфи назар кардани ғолиби тендер;
- ба иҷро нарасонидан ё ба таври лозима ба иҷро нарасонидани ӯҳдадориҳо аз рӯи аҳдномаи хариду фурӯш.
34. Баъди пардохти пурраи арзиши иншооти сохтмони нотамом Фурӯшанда ва ғолиби тендер дар мӯҳлати се рӯз бояд акти қабул ва супоридани иншоотро имзо намоянд.
35. Дар сурати аз тарафи ғолиби тендер иҷро гардидани ӯҳдадориҳои дар шартномаи хариду фурӯш зикршуда, аз ҷониби Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом қарори дахлдор қабул карда мешавад, ки дар асоси он ғолиб ҳуқуқи моликият ба иншоотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба расмият медарорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
36. Дар ҳолати иҷро нашудани ӯҳдадориҳо аз рӯи аҳдномаи хариду фурӯши иншооти сохтмони нотамом, Фурӯшанда комиссияро оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом расман хабардор мекунад. Комиссия дар навбати худ баъди таҳлили ҳолати иншоот тавсия медиҳад, ки ё аҳдномаи хариду фурӯш бо тартиби муқарраршуда бекор карда шавад ё ба ғолиби тендер барои иҷрои ӯҳдадориҳои ӯ аз рӯи аҳднома мӯҳлати иловагӣ муайян карда шавад.
Дар сурати беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯш, Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом метавонад вобаста ба баргардонидани маблағи пардохтнамудаи нархи фурӯши иншоот, бо дарназардошти аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҳисоб намудани товони зарари расонидашудаи ғолиби тендер, қарор қабул намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
III. Омода ва доир намудани музоядаҳои фурӯши иншооти сохтмони нотамом ва лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонии иншооти сохтмони нотамом
37. Омода ва доир намудани музоядҳои фурӯши иншооти сохтмони нотамом ба таври қатъӣ мутобиқи "Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004, № 98 тасдиқ гардидааст," анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
38. Омода ва доир намудани лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонии иншооти сохтмони нотамом ба таври қатъӣ мутобиқи "Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, № 526 тасдиқ гардидааст" анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 1997 № 366
тасдиқ шудааст
Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом (минбаъд Комиссия) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
2. Комиссия дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат менамояд.
3. Қарорҳои Комиссия оид ба масъалаҳои ба салоҳияти он вогузоргардида бояд ҳатман аз ҷониби мақомоти идораи давлатии ҳамаи зинаҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликият, иҷро гарданд. Дар сурати розӣ набудан бо қарори Комиссия, иҷрокунандагон ҳуқуқ доранд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз дар маврид ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хулосаи он оид ба масъалаи баҳсталаб ниҳоӣ аст, арз намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
II. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯ
4. Мақсади фаъолияти Комиссия аз инҳо иборат мебошад:
иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати хусусигардонии оммавӣ, сиёсат оид ба масъалаҳои хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамом;
ташкили кори мақсаднок дар бобати кам кардани ҳаҷми сохтмони нотамом;
ташкили фурӯши объектҳои сохтмонашон нотамоми таъиноти мухталиф;
ҳифзи ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
5. Мутобиқи мақсади фаъолияти худ Комиссия:
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барномаҳои хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамомро таҳия ва татбиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659);
кори доир намудани экспертиза ва нархгузории объектҳои фурӯхташавандаро ташкил менамояд;
мӯҳлат, ҳаҷм, арзиш ва шакли фурӯши объектҳои сохтмонашон нотамомро, сарфи назар аз шакли моликият, муайян менамояд;
дар мавриди зарурат дар хусуси паст кардани арзиши объектҳои фурӯхташаванда, бо дарназардошти таъиноти онҳо ва қобилияти воқеии харидории харидорон (мизоҷон) карор қабул менамояд;
дар мавриди зарурат дар хусуси пардохт барои объекти ба насия фурӯхташуда, бо дарназардошти аҳамияти барои ҳоҷагии халқ доштаи он, қарор қабул менамояд;
манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ ҳифз мекунад.
III. ТАШКИЛ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ
6. Фаъолияти Комиссия дар шакли маҷлисҳои мунтазам ё ба қадри ворид гардидани дархост барои хусусигардонии объектҳои сохтмонашон нотамом, ба роҳ монда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
Мӯҳлатҳо ва вақти мушаххаси гузарондани маҷлисҳои Комиссияро Раиси Комиссия он муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
7. Рӯзномаи маҷлис бо аксарияти оддии овозҳои шумораи аъзои ҳозирбудаи Комиссия қабул карда мешавад. Тағьирот ба рӯзномаи маҷлис метавонанд бо пешниҳоди аъзои Комиссия ворид карда шаванд.
8. Маҷлиси Комиссия дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 2/3 шумораи умумии аъзои Комиссия комилҳуқуқ аст.
9. Ҳуҷҷатҳое, ки Комиссия нашр менамояд, қарорҳо, инчунин протоколҳое мебошанд, ки Раиси Комиссия ва котиби он имзо менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
10. Хароҷоти вобаста ба кори Комиссия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хароҷотро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар ихтиёри Кумитаи давлатии хусусигардонии моликияти давлатӣ гузошта мешаванд, маблағгузорӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659).
11. Ҳайати Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 1997 № 366
тасдиқ шудааст
Ҳайати аъзои Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)
- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси Комиссия);
- муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Сарраёсати Буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сармутахассиси Раёсати хусусигардонӣ ва дороиҳои давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Котиби Комиссия) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)